Бунёди ин корхона моҳи июли соли равон оғоз ёфта, дар то имрӯз беш аз 12 миллион сомонӣ масраф шуда, то 160 нафар бинокорон бо кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, навбати аввали он бо 150 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 700 метри мураббаъ санг дар як шабонарӯз то Навӯзи соли 2014 бояд ба кор дарояд. Оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон то 250 нафар расонда хоҳад шуд.