Среда, 23.09.2020, 00:09
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2012 » Июль » 30 » Шеърхо дар васфи Дарвоз
20:53
Шеърхо дар васфи Дарвоз

Аватары и анимация на GIFr.ru


Аз Майистони куҳан пайомбаре,
Барфарохта з –ошён боло саре. 
Аз дили Зардушт ҳикоят мекунад,
Хирқа аз Фирдавсӣ карда дар баре.
Хирқааш на аз матои тору нах,
Хирқаи хос аст, в- аз нах беҳтаре,
Хирқаи илм аст, нур асту шуур,
Бор не бардуш, бо ақли саре.
Вазну аркони сухан санҷидааст,
То бигуфтаст байт ё як мисрае.
Доди алфози дариро додааст,
Дар миёни анҷуман аз минбаре,
Чун уқоб болопарасту сарфароз,
Дар самои бекарон чун ахтаре.
Ахтари тобандаи дилҳо шуда,
Чун зи назми хеш сохта зеваре. 
Шеърро орост, бар сони арус,
Дар ниқоби байтҳову мисрае.
Достон аз қаҳрамонӣ гуфтааст,
ҳамчу пири Тус бо дурри дарӣ .
Паҳлавони назм дар шеъри Аҷам
Дар каломи маънавӣ, як сарваре,
Кохи назмаш сар боло мекашад,
Дар самои шеър рахшон астаре.
Аз дили дарёи гавҳардори Панҷ,
К-аз садаф берун шуда як гавҳаре,
Орзӯ дорад, ки рӯзе мерасад,
То аз ин миллат бисозад пайкаре.
***********************************
        ************************
***********************************
Шах сохт бинои калъаро дар боге,
Офат нарасад ба мевааш аз зоге.
Таърихи бинош, Калъаихум кардам,
Дар синаи душманон ниходам доге.
 
Ин дубайти аз чониби солноманависи гумноме навишта шудааст.Калимаи охири ин дубайти "доге", соли бунёди Калъаихум буда , аз руи хисоби абчад ба соли 1015 хичри рост меояд , ки мутаносибан ба соли 1606-1607 милоди баробар аст.Ин санади муътамад , ки бидуни шубха соли бунёди калъаест , ки ба унвони Калъаихум чун исми шохигарии Дарвоз мукаррар шуд.
***********************************
        ************************
***********************************
Ду-се рузе шудам мехмони Дарвоз,
Намудам сайри хар бустони Дарвоз,
 
Ба дил хамчун бахорон сайкалам дод,
Тамошохои кухистони Дарвоз.
 
Ба як су барфу як су пухта гелос,
Ачаб фаслест тобистони Дарвоз!
 
Шукуфта мисли руи духтаронаш,
Чаманхои анористони Дарвоз.
 
Ба васфи чашмаву обаш чи гуям?-
Хазорон салсабил курбони Дарвоз!
 
Бихон, точики дарвози , газалхо
Зи чуши дил дар ин даврони Дарвоз!
 
Мисоли шабпарак душман гурезад
Зи нури байраки рахшони Дароз.
 
Расад гар душмане , гураш биёбад
Зи каъри Панчи пуртугёни Дарвоз.
 
Агар номанд: Кони Хусну Хуби-
Чунин номе шавад шоёни Дарвоз!
 
Ба дидан сода, аммо дилрабоед,
Чи сехр аст ин , сияхчашмони Дарвоз!
 
Дехотиро хумори кард як умр
Тамошои шумо, хубони Дарвоз!
 
Абдусалом Дехоти
Калъаихумб
16 июни соли 1938
***********************************
        ************************
***********************************
Чанд тан таксим кард, Дарвозро, 
Хат кашиданд, хар чи буд, огозро.
Пора карданд ин Майистони кухан,
Хар касе орост бар худ анчуман. 
Хар вачаб, хар дех акнун мустакил,
Мардумон бо хам гардида бахил.
Калби мардум сахттар аз санг шуд,
Хар кадом бо якдигар дар чанг шуд.
Ду бародар байни худ андар ситез,
Бар сари хам дар кашанд,чокуи тез.
Гашта волидон зи фарзандон щудо,
Байни ишон коштанд тухми низо.
Вахдати мардумро бархам заданд,
Халкро бар хамдигар дархам заданд.
Номи Дарвоз бар Калайхумб сохтанд,
Гуиё навсарзамине ёфтанд.
Ончунон дарке накарданд, бохтанд,
Бар сари хамдигари чун, тохтанд.
Шарм бояд, кард дар ин кори хеш,
Чун намедонанд хеч асрори хеш.
Эй ки магрур гаштаи дар кори хеш,
Иштибохе карди дар афкори хеш.
Иштибохи туст, нобахшиданист,
Он чи карди, на зи кори одамист.
Ту накарди кашфи асрори бузург ,
Гарра гашти аз паси меш хамчу гург .
Бо хамон чангол, к-андохтед чанг,
Хиттаи Дарвози ман гардида танг.
Ихтисор карданд Дарвози маро ,
Танг карданд кишвари Нози маро .
Гушаеро карда аз Дарвоз чудо,
Ин муамморо надонад чуз Худо.
Бо дигар кисмат бигуфтанд, к- алвидо.
Хар чи карданд, гуфтанд, амри Худо.
Кисматаш карданд бо Афгонситон,
Кисмати дигар ба Хатлон бенишон.
Пораи дигар зи Дарвоз бурданд, 
Бар тани Вахйо онро духтанд.
Аз саховатмандии чандин «сахо»,
Нимаи Дарвозро карданд рахо.
Аз барои «шердилони часур»,
Бо хазорон фикру афкори базур ,
Тика гардид окибат Дарвози ман ,
Бишнав охир эй Суруш, овози ман .
Чониби парвардигор бар рози ман ,
Гайри у нест хамдаму хамрози ман.
Вирд гардон номи Дарвоз бар забон,
Чунки Дарвоз аз Майистон аст, нишон.
Чанд тан,з- ин ворисони «зиндадил»,
Бар гумонам гаштаанд акнун хичил.
Аз пушаймони вале дигар чи суд,
Баъди сухтан чуз намонад, оху дуд.
Лек Дарвоз аст, дар накши чахон, 
Сабт бокист то, ки дунёст човидон.
Просмотров: 7093 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 1.8/4
Всего комментариев: 111 2 »
0
11 Махмадуллоев Ҷоналло Cадуллоевич   [Материал]
Face
Джоналло Махмадуллоев
Дарвоз, Таджикистан
3 ноя 2014
Ташнаи оби диёру ташнаи дидори дуст,
Ташнагии хешро аз оби Дарвоз бишканам.
Гарди чашмонам бозшуям дар канори чашмасор,
Акси худ дар оби софи чуйборон бишканам.
Чашми махмурам хумори наргиси мастона дошт,
Боз хумор аз нигохи хубони Дарвоз бишканам.
Ман ба ёди ёру барги гулхои диёри дустон,
Бусса аз лабхои гулнози Дарвоз бишканам.
Кухсорам ончунон пазмони дидорат шудам,
Регу сангат чун наботе зери дандон бишканам.

0
10 Махмадуллоев Ҷоналло Cадуллоевич   [Материал]
Маро куштаст ғамот дарвози духтар,
Бимирам аз барот дарвози духтар.
Агар майле ба ишқи мо надори,
Нигаҳ бонат Худот дарвози духтар.

Чи зебо кокулот дарвози духтар,
Ҳамон муйи сиёт дарвози духтар.
Ба нози ту чу булбуле бинолам,
Ғазалҳоям фидот дарвози духтар.

Ба дарвоз омадам дарвоза ҳуй кун,
Гули дасти маро гирифта буй кун.
Шунидам дилбари меҳмон навози,
Дили занги маро ҳам шусту шуй кун.

Зи хубони диёр дарвози духтар,
Ду зулфат думи мор дарвози духтар.
Харидорат манам қиммат бигу чанд?
Биё бар як қарор дарвози духтар.

Маро куштаст ғамот дарвози духтар,
Бимирам аз барот дарвози духтар.
Агар майле ба ишқи мо надори,
Нигаҳ-бонат Худот дарвози духтар
М
Махмадуллоев Ҷоналло Садулоевич

0
9 Мусофиров Саидали   [Материал]
Карон бишуд намоён.
Дар хок буд пинон шахри Карони Дарвоз,
Эй дуст, шуд намоён шахри Карони Дарвоз.
Бо химати Шералишох олам бигашт огох
Аз санати ниёгон - шахри Карони Дарвоз.

Ёде зи чанд пушт аст, аз даври Зардухушт аст,
Аз бостон нишон он - шахри Карони Дарвоз
Бо дасти пок Пешво бикшод калъаро дар
Бар руйи хамдиёрон - шахри Карони Дарвоз.

Аз наши бурчхояш, аз арки босафояш-
Будаст чойи шохон шахри Карони Дарвоз.
Масбачаро нафорид, тухмат бар он биборид,
Омад аз У ба афгон шахри Карони Дарвоз.

Сайид-али Мусофир гуфташ:"Макун ту тахкир!
Хаст ифтихори моён шахри Карони Дарвоз.

0
8 Наргис   [Материал]
Пожалуйста кто знает стоки стиха Бинозам нозат ай сар то кадамсоз,махи хубони дарвоз?

0
7 Зиёев   [Материал]
Ќишлоќаки ман(Илњом аз Бозор Собир) «Дар њузури мардуми мењмоннавозу њимматбаландиДарвоз мехоњам изњор намоям, ки ноњияи шумо дар њаќиќат як гўшаи нодир ва
зебоманзару бињиштосои Тољикистони азиз аст».Эмомалї Рањмон, 08.10.2013Агар номанд кони хусну хубї,Чунин номе шавад шоёни Дарвоз.АбдусаломДењотї, 16.07.1938  Ќишлоќаки ман анору анљир дорад,Дар кўњи баландаш кабку нахчир дорад.Дар њар кўчае кўдаки бо лафзиширин,Дар њар хонае пирони тадбирдорад. Ќишлоќаки ман бузургияш тангииўст,Зеби кўчааш девораки сангии ўст.Бар тори мазору ќабрњо туѓакисабзЧун њайкали ёди мардуми нангииўст. Ќишлоќаки ман зи Чорбоѓ то Сангоб,Аз Тагиќалъа то кўчањои Хумбоб,Аз Ѓўлињавдак то Буникўњу Пуниду– Ойї ту шабон дар Душанбеям бахоб. Ќишлоќаки ман, танњо ту морододрас,Ду нукта талаб дорем мо аз тувубас:Аз мактаби ту - ба кўдакон илмуамалВ-аз масљиди ту - дуои пешинонупас. Ќишлоќаки ман рањат, ки ободшудаст,Рўњи падарон зи роњаташ шодшудаст,В-ин њиммати фарзандони бономуситуИбрат ба њама мардони озод шудаст.

0
6 Khumbivari4i   [Материал]
Чонона биё ки мулки Дарвоз равем,
Бар мулки вафою ишку шер соз равем.
Хар неку баде,ки ояд бар сари рох
Бо хам бошем то ба Дарвоз равем.
Зиёда кишваре дидам дар дунё,
Ва лекин з-он Дарвоз нест боло.
Биё эй мох равем Дарвоз бо хам,
Ки дар дунё аз он боло надидам.

0
5 Khumbivari4i   [Материал]
Биё эй дил сафар кун мулки Дарвоза тамошо кун,
Дарончо куҳу сангу дашту саҳроро тамошо кун.
Гузар зи оби гармоб кун …. Кӯҳсоронаш назар афкан,
Аз онҷо бигзари Бурхи Сармастро тамошо кун.
Зи Вахё гар рави зи Сағирдашту ағба бигзарӣ ,
Дар онҷо Қалъаи Хумби дилороро тамошо кун!
Зи хар су чаҳ- чаҳи булбул,ба ҳар боғе ҳазорон гул.
Бирав баҳри табобат мулки зеборо тамошо кун,
Бирав бар Зингу зи мардони ҳунар баҳра бигир!
Ба онҷо гар рави, шеррони нарро тамошо кун!
Ба Сангеву Дуровак мерави бо эҳтиром бигзар,
Дар он ҷо Хоҷа Сармастро тамошо кун,
Ба хар як дарманд дори биёби аз алафи Дарвоз,
Бирав баҳри табобат мулки зеборо тамошо кун!
Зи назми Меҳрубоншо кун, ту бовар кун суханхояш!
Бирав худро табобат кун, пасон худро тамошо кун!

0
4 Рахматчон   [Материал]
Ба духтари Дарвоз
Аҷаб зебост ин дарвозидухтар,
Гули гулҳост ин дарвозидухтар.
Миёни ахтарони осмон ҳам,
Маҳи яктост ин дарвозидухтар.
Чӣ гӯям чашму абрӯи қашангаш,
Чӣ гӯям хандаҳои дилписандаш.
Чӣ гӯям лутфу эҳсони баландаш
Ки беҳамтост ин дарвозидухтар.
Лабонаш пистаи хандон барин аст,
Ширинишон мисоли ангубин аст.
Вафодориш ҳиндиён барин аст,
Чӣ сон барност ин дарвозидухтар.
Ҳама кораш накӯю дилнишин аст,
Канораш ҷаннати рӯи замин аст.
Кунад Раҳмат ситоиш васфи ӯро
Сазовори ҳазорон офарин аст.

0
3 Shahrom TJK   [Материал]
Дарвози ман
Дарвози ман, Дарвози ман,
Ай ҳамнафас, ҳамрози ман.
Боду ҳавои дилкашат,
Гулдухтарони маҳвашат.
Маҳрам бувад бар ҷони ман,
Ҳар як гиёҳу ҳар хасат.
Ай, ҳар диёрат даргаҳам,
Ай, ҳар мазорат дамгаҳам.
Ҳар зарраи хоки туро,
Сурма ба чашмонам кашам.
Фитрат туро гуфта сано,
Меҳмоннавозӣ мулки мо.
Ай мардумонат сарбаланд,
Чун қуллаи Помири мо.
Ай булбулонат хушнаво,
Соро навишт васфи туро.
Васфи ту аст эҷоди ман,
Дар мисраҳои ноби мо.
Дарвози ман, Дарвози ман,
Ай ҳамнафас, ҳамрози ман.

0
2 ShahBEst   [Материал]
Дарвоза бубин ачаб
шамоло дорад,Чойхои
базебу, лолазоре дорад.Хар
кас,ки сафар ба мулки
ДАРВОЗ кунад,Дарвоз ба
руяш, дари худ боз кунад.
Дарвоза бубин ачаб
шамоло дорад,Чойхои
базебу, лолазоре дорад.Хар
кас,ки сафар ба мулки
ДАРВОЗ кунад,Дарвоз ба
руяш, дари худ боз кунад.

1-10 11-11
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Июль 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 106
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0