Главная » 2013 » Октябрь » 8 » Сарвари давлат аз шаҳри бостонии "Карон" боздид кард
15:08 Сарвари давлат аз шаҳри бостонии "Карон" боздид кард |
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр, дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Дарвоз нахуст аз бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон дидан кардааст, ки арзиши таърихии он мавриди баҳсҳо қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз "Карон” зикр гардид, ки ин шаҳр тақрибан 3-4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. "Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.” Тибқи пешгӯии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 га доман паҳн намуда будааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран С. Бобомуллоев, доктори илмҳои таърих, дар як матлабаш дар "Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон арзиши таърихии "Карон”-ро муболиға хонд. Бобомуллоев аз ҷумла навишт, "тайи ду-се соли охир дар матбуоти даврӣ ҳангомае оид ба кашф гардидани шаҳри қадимтарин дар Дарвоз аз ҷониби доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Юсуфшоҳ Яқубов бархостааст. Кашшофи он Яқубов ва ҳаммаслаконаш аз қабили Муъмин Қаноат исбот карданианд, ки гӯё онҳо як саҳифаи ноаёни таърихи тоҷикро кашф намудаанд.”
|
Просмотров: 861 |
Добавил: sHaH1k-aka-airomaN
| Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 2 | |
2
jomijam
(09.10.2013 09:26)
0
ами сайт Иншаоллох номи дарвоза мехезона
|
1
Admin
(08.10.2013 21:38)
0
Бехтаринай! Иншоаллох сомонаи Дарвоза якчо обод мекунем!
|
|
|
|
|
Наш опрос
Статистика
Онлайн всего: 4 Гостей: 4 Пользователей: 0
|