Суббота, 20.04.2024, 05:09
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Октябрь » 8 » Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон
11:38
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон

    Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯзаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.

   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии як қатор шаҳру навоҳии ВМКБ аз ҷумла бо фаолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ширкат хоҳад варзид. 

   Дар Дарвоз қарор аст, ки президент навори рамзии нахустин бинои панҷошёнаи маскуниро бурида, аз роҳ ва кӯчаҳои маркази ноҳия, ки пурра мумфарш гардиданд, дидан мекунад ва бо мардум мулоқот менамояд.

Тибқи иттилои масъулони ноҳияи Дарвоз, дидор аз шаҳраки бостонии "Карон" дар хатсайри президент қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки муаррихи шинохтаи тоҷик Юсуфшо Яъқубов аз як сол ба ин тараф дар шаҳраки Каррон, ки бархе аз бостоншиносон онро яке қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ мешуморанд ва зиёда аз се ҳазор сол умр дорад, ба корҳои кофтуковӣ машғул аст.

Шаҳрак қаблан дар натиҷаи кофтукови ҳафриётӣ дар тепаи назди деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз кашф гардид. Ба гуфтаи олимон дар шаҳраки бостонӣ хонаи урфии помирӣ ҳифз шудаст, ки аз умумияти  фарҳангӣ ва таърихии  мардуми Бадахшон шаҳодат медиҳад. Интизор меравад, ки имрӯз мутахассисони ҳафриётшиноси Санкт-Петербург ҳам ба Хоруғ омад, аз ин ҷо ба шаҳраки "Карон" мераванд.
Просмотров: 698 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0