Главная » 2013 » Октябрь » 8 » Ифтитоҳи бинои чор ошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз
16:03 Ифтитоҳи бинои чор ошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз |
Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чор ошёна мавриди истифода қарор гирифт.
![](http://www.president.tj/sites/default/files/NewsImages/2013-10-08darvoz_binoi_istiqomati_1.jpg?1381292779)
Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 8 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, нархи як метри мураббаъи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. 8 хона ба 8 оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти худи онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.
|
Просмотров: 724 |
Добавил: sHaH1k-aka-airomaN
| Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1 | |
1
jomijam
(10.10.2013 15:31)
0
вок,еахои району кишлокхора бисерта бнависе,дарвоз ай сагирдашт сар мешава дар бобои Чамолу пошхарв тамом мешава
|
|
|
|
|
Наш опрос
Статистика
![](/stat/1739039970)
Онлайн всего: 1 Гостей: 1 Пользователей: 0
|