Среда, 24.04.2024, 09:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2014 » Февраль » 4 » Дар Дарвоз корхонаи коркарди мармар кушода мешавад
21:54
Дар Дарвоз корхонаи коркарди мармар кушода мешавад
         Корхонаи коркарди сангҳо бо номи «Корона Мрамор», ки сохтмонаш соли 2013 оғоз шуда буда, нимаи авали моҳи марти соли равон дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ мекунад.

                               

           

         Тавре ба Хабаргузории мо Абдусалом Олимшоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар деҳаи Даштаки ноҳия воқеъ буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол аз 1500 то 1600 метри квадрати сангҳои кимматбаҳоро ташкил медиҳад. Бинои корхона барои истифода омода аст, аммо бояд таҷҳизот барои коркарди сангҳо, ки аз Душанбе дастрас мешаванд, васл карда шаванд

«Корхона дар муддати аввал метавонад зиёда аз 10 нафарро бо чойи кори доимӣ таъмин кунад. Мунтаззам дар сурати боло рафтани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона шумораи коргарон аз ҳисоби шахсони бекори маҳаллу деҳото зиёд карда мешавад», - афзуд номбурда.

Ба гуфтаи Олимшоев, барои сохтмони корхона 1,5 млню сомони аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сарф шудааст. «Корхона сангҳои ороиширо барои истифода дар кори сохтмонии беруни биноҳо, аз қабили мармар коркард месозад ва мақсад дорад фурўши ин намуд сангҳоро дар тамоми чумҳури ба роҳ монад. Дар корхона сангҳои маҳаллӣ коркард шуда, бо нархҳои нисбатан арзонтар ба бозорҳои кишвар содир карда мешаванд», - қайд кард Олимшоев.

Просмотров: 1144 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Февраль 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 108
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0