Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба мо дар ин робита изҳор намуд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон бо маводи сӯзишворӣ, кӯдакро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон карда, ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст.
«Баъди рафъи хатари ошкор гардидан сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакй фавтида буд ва ҷасади ӯро онҳо ба дарё мепартоянд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст», - зикр кард Аҳмедов.
Толибилми синфи ҳаштум, сокини ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков мудом бо сарбозони қисми низомӣ дар робита буда, ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекард. Муомилоти навбатии шоми 1-уми май барои ӯ фоҷеабор анҷомид.