Среда, 26.07.2017, 15:40
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Май » 23 » Зодрӯз муборак Устод!
14:21
Зодрӯз муборак Устод!
20-уми май зодрӯзи шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат аст. Устод Мӯъмин Қаноат ба синни 81-cолагӣ расиданд.

Устод Мӯъмин Қаноат ҳоло, ки ба тозагӣ аз як мактаби шаҳри Ваҳдат ба хонаашон баргаштанд дар сӯҳбат бо "TojNews” гуфтанд, ки зодрӯзи худро дар сатҳи расмӣ намегузаронанд, балки бо наздикону пайвандон мешинад, то барои онҳо нишоту шодӣ офарад. Шоир аз зиндагии рузмарраашон ҳам ҳикоят карданд:

- Ба эҷодиёт ва мутолиаи китобҳои нодир машғулам. Девони калонтаринам, достони "Тоҷикистон исми ман”-ро, ки зиёда аз 500 саҳифаро дар бар гирифт, ба тозагӣ тамом кардам ва дар назар аст дар яке аз нашриётҳои Тоҷикистон ба дасти чоп дода шавад.

Қисмати аввали ёддоштҳои худро низ ба анҷом расонидам, ба навиштани қисмати дуюми он шуруъ кардам. Дигар машғулияти ман ин мутолиа ва пажуҳиши осору таърихи шаҳри қадима мебошад. Дар Бадахшон як қалъаи қадимаи мероси боқимонда аз даврони Зардушт кашф шудааст, ки қарор аст якчанд дӯстони пажуҳишгари мо аз хориҷи кишвар барои таҳқиқу пажуҳиши он ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Интизори онҳо ҳастам то ба Дарвоз равем.

Дар идомаи суҳбат аз устод мепурсам, ки дар рӯзи зодрӯзи худ чӣ орзуву омол ва интизориҳо доред?

Устод Мӯъмин Қаноат дар ҷавоб гуфтанд, ки ҳамаи онҳое, ки синну солашон ба пирӣ мерасад ягона орзую интизориҳояшон ин дидори пайвандон аст дигар ҳеҷ:

-Ман дар ин рӯз орзу дорам, ки ҳамаи фарзандону набераҳо ва пайвандонам аз дохилу хориҷи кишвар дар хонаам сарҷамъ шаванд, то аз дидори гарми онҳо хумор бишканам, дигар ҳеҷ чиз намехоҳам. Фарзандам Далер, ки дар Канада бо ҳамсараш ва набераҳоям Мирзо ва Суман зиндагӣ мекунанд, иншоллоҳ ба Душанбе меоянд. Як хона пури нишоту фараҳ мешавад. Иншоаллоҳ, аз дидори онҳо бениҳоят шод мешавам ва дигар ормон дар дилам намемонад. 

Дар ҳамин ҳол, наберааруси ин хонадон Шаҳноз Комилзода дар сӯҳбат бо мо таманниёти идонаи худро вобаста 81-умин солгарди зодрӯзи Сстод чунин изҳор дошт: 

- Ба бобоям Мӯъмин Қаноат беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Ҳамеша бигзор ҳамин хел бардаму солор ва соябони сари мо бошанд. Устод як писар ду духтар, 5 набера ва 4 абера доранд. Мо имрӯз бо ҳамроҳии фарзандонам Сурушу Мумтоз ба табрики устод меравем. Сурушу Мумтоз шеърҳои азёд кардаашонро аз аъшори бобокалонашон дар ҳузури ӯ хонда, хотири ӯро шод хоҳанд намуд. Дастовезу тӯҳфа низ мегирем, аммо аз ифшои номи он худдорӣ мекунам. Фикр мекунам беҳтарин тӯҳфа барои Ӯстод ин қироати шеърҳо аз ашъори ӯ аз ҷониби абераҳояш мебошад. 

Маврид ба зикр аст, ки Мӯъмин Қаноат 20 майи оли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1956, бо тамоми вуҷудаш ба шеър дода мешавад.

Зимни фаъолияташ дар моҳномаи "Шарқи сурх”, ӯ достони "Ситораҳои замин”-ро месарояд, ки таваҷҷуҳи аҳли завқу эҷодро ба ӯ шоири ояндадор ҷалб месозад. 

Соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1976 то соли 1991 котиби якуми садорати Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон интихоб мегардад.

Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи осори хаттии Академия Илмҳои Тоҷикистонро сарварӣ менамояд.

Тайи солҳои 1996 -2000 муовини раиси ҳаракати "Ваҳдати миллӣ ва эҳёии Тоҷикистон”, солҳои 2001 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Ӯ ба ҳайси достонсарои беҳамтои замон эътироф шудаасту достони "Суруши Сталинград" қуллаи эҷодиёти шоир махсуб мешавад. Чанд соле пеш Муъмин Қаноат достони нав "Масъуднома"-ро эҷод кард, ки аз зиндагиву фаъолиятҳои лашкаркаши тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд ҳикоят мекунад.

Соли гузашта, аҳли ҷамоатчигии кишвар 80-солагии шоири бузургро ҷашн гирифтанд, ки дар таърихи ҷашнҳои адабии Тоҷикистон назир надошт, аммо масъулини ҳукумат дар он ширкат накарданд. Имсол низ расонаҳои ҳукуматӣ дар сатҳи миллӣ зодрӯзи ӯ ва мавлуди шоири дигари бузург шодравон Лоиқ Шералиро, ки дар ҳамин рӯз 72-сола мешуд, нодида гирифтанд.

Ба эътирофи умум, сабаби ҳамчунин мавзеъгириҳо руҳияи эътирозӣ доштани ашъори ҳарду шоир ва суҳбатҳои расонаии Муъмин Қаноат мебошанд, ки ба масъулини ҳукумати феълӣ хуш намеомадааст. Ин буд яке аз интригаҳои рӯзҳои мо.

Просмотров: 933 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 48
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0