Вторник, 25.04.2017, 15:27
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2012 » Май » 4 » Таърихи ноҳияи Дарвоз
23:55
Таърихи ноҳияи Дарвоз
Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,
Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Курон (کوران) овардаанд ва маркази онро деҳаи кунунии Кеврон (کـِوران) ёд кардаанд.[3] Ба гуфти мардуми Дарвоз номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (مهستان) будааст.

Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии ТавилдараДарвоз ва Ванҷ ва вулусволиҳои афғонии Хоҳон (خواهان) ва (Дарвоз (درواز) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳ ва шоҳзодагони Дарвоз ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати БухороДарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рўди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Дарвоз дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 - 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд.[4] Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз номида шуд.


[вироиш]

Просмотров: 420 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 83
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0