Четверг, 28.03.2024, 10:59
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Октябрь » 8 » Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз
18:29
Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз


Ҳамватанони азиз!

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст аз ҳама дар ҳузури мардуми меҳмоннавозу ҳимматбаланди Дарвоз мехоҳам изҳор намоям, ки ноҳияи шумо дар ҳақиқат як гӯшаи нодир ва зебоманзару биҳиштосои Тоҷикистони азиз аст.

Ва ҳар шахсе, ки ба ин диёр ташриф меорад, ҳатман воқеӣ будани ин гуфтаро бо чашми сар мебинад ва табиати нотакрори Дарвози Тоҷикистон ҳамеша дар хотироташ нақш мебандад.

Ман низ ба ҳайси Роҳбари давлат даҳҳо бор ба ин ноҳия ба сафарҳои корӣ омадаам ва ҳангоми шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ноҳия пешрафту ободӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардумро аз як сафар то сафари дигар мушоҳида менамоям, ки ҳамаи ин ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа ва кору пайкори ҳар як фарди баору номуси ноҳия ба даст омадааст.

Дар зарфи чанд соли охир бо таъсис додани корхонаҳои хурди саноатӣ, бунёди роҳу пулҳои байналмилалӣ ва азму талоши софдилонаи сокинони ноҳия пешравии истеҳсолот таъмин гардида истодааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми ноҳия истеҳсолоти маҳаллӣ торафт рушд мекунад ва имрӯз аз ҳисоби дастранҷи заҳматкашони ноҳия эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти зарурӣ таъмин карда мешавад.

Яъне ин мавзеи дорои табиати бою рангин ва мардумони ҳимматбаланду баору номус сол аз сол рушд меёбад ва ободу зебо мегардад.

Мо пеш аз дидорбинӣ бо шумо бо корҳои анҷомдодаи бостоншиносони тоҷик дар қалъаи Карон, ки воқеан таърихи хеле куҳан дорад, шинос шудем.

Тибқи сарчашмаҳои бостоншиносӣ шаҳри Карон дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ёдгории камназир ба ҳисоб рафта, бо санъати меъмории махсус дар майдони 32 гектар ҷойгир шудааст.

Бинои қалъа аз хишти пухта сохта шуда, лӯлаҳои сафолин ва дигар осори аз он кашфшуда шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ин минтақаи кӯҳистон дар баробари дигар пешравиҳо аз корезу гармоба ва дигар шабакаҳои обрасонӣ васеъ истифода мекардаанд.
Барои муайян кардани тамоми паҳлуҳои меъмориву таърихии қалъа ва аҳамияти ин ёдгории меъмориву фарҳангӣ ба бостоншиносон ва дигар мутахассисон зарур аст, ки корҳои ҳафриётиву омӯзиширо идома диҳанд.
Бояд гуфт, ки санъати баланди шаҳрсозӣ ҳамчун рисолати мардуми офарандаи мо, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар ҷараёни сафари имрӯза мо чанд лаҳза пеш бинои истиқоматии 27-ҳуҷрадор ва маркази савдои ба маблағи 5 миллион сомонӣ бунёдгардидаро ифтитоҳ намуда, ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди мармар, ки захираи он дар ноҳия хеле зиёд аст, шинос шудем.

Қобили қайд аст, ки танҳо соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле корҳои ободонӣ, аз қабили насби хатти баландшиддати 35-киловаттаи Қалъаихумб-Курговад ба масофаи 38 километр, толори варзишӣ дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн, кашидани хатти 62 - километраи обрасонӣ барои таъмини сокинони 19 деҳаи ноҳия ба анҷом расонида шудааст, ки ҳаҷми умумии маблағҳои дар ин самт равонагардида миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

Варзишгоҳи зебову замонавие, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, ҳамчунин аз ҷумлаи ободкориҳои солҳои охир дар ноҳия мебошад, ки бо саъю талоши соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорони баландҳиммат, сохтмончиёну муҳандисон ва кормандоне, ки дар бунёди иншооти нави замонавӣ ва дигар амалҳои хайру савоб саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои қабулнамудаи Ҳукумат ва кору фаъолияти ватандӯстонаи сокинони ноҳия пешрафти соҳаи саноат, аз ҷумла таъмини фаъолияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, азнавсозии корхонаҳои мавҷуда, инчунин таъсиси корхонаҳои нав дар асоси технологияҳои муосир таъмин гардидааст.

Инчунин дар даврони истиқлолияти кишвар дар ноҳияи Дарвоз силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обии Ширг-1 ва Ширг-2 бо иқтидори умумии 1760 киловатт – соат сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа имрӯз норасоии қувваи барқ дар ноҳия пурра бартараф гардидааст.

Соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии ноҳия дар ҳаҷми ҳашт миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум чандин баробар зиёд мебошад.

Кишоварзӣ самти муҳими таъминкунандаи аҳолӣ бо маводи озуқа ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, инчунин заминаи боэътимоди ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шароити кӯҳистон маҳсуб мешавад.

Барои рушди соҳа ҳоло дар ноҳияи Дарвоз шаш барномаи давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар сурати татбиқи ҳамаҷонибаву саривақтии онҳо ва оқилонаву самаранок истифода бурдани замин имконияти бо картошкаву мева ва гӯшт пурра таъмин намудани сокинони ноҳияи Дарвоз мавҷуд мебошад.

Кишоварзони ноҳия соли гузашта ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2000-ум панҷ баробар зиёд мебошад.

Мардуми Дарвоз дар масъалаи боғпарварӣ таҷрибаи зиёд доранд. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ба хотири иҷрои барномаи қабулнамудаи Ҳукумат танҳо дар давоми ду соли охир дар масоҳати 20 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 24 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор кардаанд, ки ин албатта ба афзоиши истеҳсоли меваҳои хуштаъму шаҳдбор ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Бо шодоб гардидани 25 гектар замини мавзеи Роғак 14 лимухона барқарор гардида, ҳамзамон нақшаи бунёди 18 лимухона ва боғҳои суптропикӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои ғалладона ва сабзавоту мева афзуда, майдони кишти картошка ба 250 гектар расидааст ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи се миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст.

Дар баробари зиёд шудани истеҳсоли қариб ҳамаи навъҳои зироат ҳаҷми истеҳсоли асал бештар ба мушоҳида мерасад ва дар ин масъала ноҳияи Дарвоз дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи аввал қарор дорад. Имрӯз қариб 70 фоизи асали вилоят дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз истеҳсол карда мешавад.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорони ноҳия дар ҳаҷми ҳашт миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Бо саъю кӯшиши соҳибкорон дар бозори наздисарҳадии деҳаи Рузвай бо ҷалби сармояи хориҷӣ 200 нуқтаи савдо азнавсозӣ гардида, дар деҳаи Сағирдашт толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Илова бар ин, корхонаи муштараки коркарди маъданҳои қиматноки Ҷамоати деҳоти Сағирдашт фаъолияти худро соли 2012 оғоз намуда, дар он 134 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Корхонаи мазкур то имрӯз ба маблағи панҷуним миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ба буҷети маҳаллӣ зиёда аз як миллион сомонӣ андоз пардохт намудааст, ки барои ноҳияи дурдасти кӯҳистон маблағи кам нест.

Умуман, дар ноҳия давоми даҳсолаи охир ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ 32 иншооту коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Вале дар баробари ин дастовардҳо махсус қайд менамоям, ки рушди минбаъдаи Дарвозро бидуни васеъ ба роҳ мондани коркарди сангҳои ороишӣ ва масолеҳи сохтмонӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Зеро тибқи таҳлили мутахассисон захираи навъҳои мухталифи мармар дар ҳудуди ноҳия хеле фаровон мебошад.

Масалан, танҳо захираи санги серпентинити деҳаҳои Рузвай, Висхарв ва Ёгед беш аз 10 миллиард метри кубӣ мебошад.

Яке аз дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолӣ, ки ба рушди бесобиқаи иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва пеш аз ҳама ноҳияи Дарвоз мусоидат намуд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ –Кулма мебошад.

Бо идомаи сохтмони ин лоиҳаи бузург Ҳукумат ҳоло татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳонро, ки як қисми муҳимтарини шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма мебошад, бо арзиши лоиҳавии 460 миллион сомонӣ амалӣ карда истодааст ва мо ният дорем, ки ин қитъаи муҳимро соли оянда ба анҷом расонем.

Дар баробари ин, ба истифода додани пули деҳаи Рузвай аз болои дарёи Панҷ дар самти таҳкими ҳамкориҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва таҳкими дӯстии халқҳои ҳамҷавор мақоми хоса дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт мо баробари рушди иқтисодиёти кишвар ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаем, то ин ки барои таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ, хусусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон шароити мусоидро муҳайё созем.

Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузори кишвар ба ҳайси яке аз ҳадафҳои муҳимтарин таъкид гардид.

Дарвоқеъ, дастоварду пешравиҳое, ки имрӯз дар ноҳияҳои дурдасти кишварамон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз ба мушоҳида мерасанд, итминони моро ба ғайрату ватандӯстии фарзандони бонангу номуси халқамон рӯз ба рӯз қавӣ мегардонанд.

Барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизматҳои фарзандони баору номуси ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла хонаводаи Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одил Маҷлисов, Фотима Суфихонова, Худоӣ Шарифов, Юсуфшоҳ Ёқубов, Назар Худоиев, Мӯъмин Қаноат ва садҳо нафарони дигар хеле бузург аст.

Ҳоло моро зарур аст, ки наврасону ҷавонони имрӯзаро маҳз дар пайравӣ ба кору пайкори чунин шахсиятҳои худогоҳу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро обод намудани Ватан ва дӯст доштани он аз қалби инсон бармеояд ва ҳамон тавре ки борҳо таъкид намудаам, барои сохтану обод кардани Ватан танҳо ғайрат, муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ ва завқу хоҳиш доштан лозим аст.

Имрӯзҳо миллати соҳибмаърифату бунёдгари мо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи беш аз ду даҳсола ва бо такя ба арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ устуворона пеш меравад ва бо ғайрату меҳнати ватандӯстона ҷиҳати боз ҳам обод намудани диёрамон азму талош меварзад.

Барои таъмини пешрафти кишварамон ҳамаи имкониятҳо, инчунин захираҳои фаровон мавҷуд мебошанд.

Дар ин роҳ аз афроди дилсӯзи Ватан танҳо ғайрати созандаву иродаи мустаҳкам зарур аст.

Мову шумо то имрӯз ҳар нақшаи созандае, ки доштем, дар ҳамкориву ҳамбастагӣ амалӣ намудем ва барои татбиқи нақшаҳои дарпешистода низ бо ҳамин гуна нерӯи созанда иқдом хоҳем кард.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз минбаъд низ барои рушду инкишоф ва ободии Ватани азизамон софдилона заҳмат кашида, саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди неки ободониву созандагии Тоҷикистони азизамон мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ба шумо - сокинони иззатманди ноҳияи Дарвоз дар амалисозии нақшаҳои нави созандаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол барору комёбӣ орзу менамоям.

Хушбахту сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!

Просмотров: 905 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 2
2 Sherik  
-1
Suka ty emomchik. Nemnogo tebe ostalos shval.

1 Sherka  
0
Чаноби Оли мо бо шумоем!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0