Пятница, 19.04.2024, 07:05
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Октябрь » 5 » Ман дарвози нестам!
13:57
Ман дарвози нестам!
 Нахустин бор чунин менависам, то муғризин фикр накунанд, ки ба хотири маҳалгароӣ аз Миллат дар ин матлаб пуштибонӣ хоҳам кард…
 
  Дар Дарвоз бо ибтикор ва ташаббусу ҷонканиҳои бостоншиноси 76 сола, академик Юсуфшо Ёқубов кашфиёти бе назир даст дод: шаҳри қадимтарини ориёӣ-Карон ёфт шуд! Бо шунидани ин хабар, табиист, ки роҳи Дарвозро пеш гирифтам. 

 Шаҳри Карон дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр ва дар худи Дарвоз ҳудудан 500-600 метр болотар аз роҳи авто ҷойгир аст. Бо азоби алиме роҳро убур кардаву ба мавзеи ҳафриёт расидем, ки академик Ёқубов бо чеҳраи гирифта, шахсан маро пешвоз гирифту аз конфликтҳои усулиамон, ки қаблан дар рубрикаи «Муштҳо…» ҷой дошт, ёдовар гардидаву шӯхиомез, асои дасташонро бардоштанд, ки ҳоло ҷанг хоҳем кард. Гуфтамаш, устод, мо, ки меҳмони шаҳри Каронему ин ҷо 1 шоҳ аст: Юсуфшо Ёқубов. Вале агар дар шаҳри шумо меҳмонро мезананд, пас бифармоянд!...

  Шӯхӣ асар карду бо академики шинохта «сулҳ бастем». Ва аммо дар ҷараёни сӯҳбат гуфтам: Устод, агар кашфиётатон мақбул наомад, танқид хоҳам кард… Розӣ шуд ва маро ба сайри Карон бурд.

 Карон…қадимтарин шаҳри ориёист, ки 2000 сол қабл аз мелод бунёд ёфтаву ҳудудан таърихи 4 ҳазорсола дорад. Карон, ки ҳадс меравад, вожаи русии «карона»-тоҷ аз он гирифта шудааст, воқеан ҳам мисли Тоҷ дар рӯи кӯҳ менамуд. Академики шинохта ба мо Маъбади Оташро нишон дод, ки хеле ва хеле қадимист. Ба пиндори Ёқубов ин Маъбадро шояд худи Зардуҳушт сохта бошад! Дигаронро намедонам, вале ман ба ин иддао 100% мувофиқам. Зеро Зардуҳушт маҳз аз кӯҳистони Тоҷик метавонист зуҳур кунад, ки баҳсҳои илмӣ сари мавзуъ зиёд аст.

 Сипас Маъбади обро ба мо нишон доданд. Маъбади об уникалист! Зеро то ҳанӯз чунин маъбад дар Осиёи Марказӣ кашф нашуда буд ва агар чанд аносири дигари ба ибодатгоҳҳои аҳди қадим, ба мисли бахшишу ато, тӯҳфаҳо кашф шаванд (ҳоло корҳо нав шуруъ шудаву давом доранд!) Тоҷикистон дар олами бостоншиносӣ бо Канораш беназир хоҳад буд.

 Канори Маъбади об чанд толори бузург аст, ки баландии 5-6 метр бештар доранд ва бо тахтасангҳо бунёд ёфтаанд. Тахтасангҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳр қабл аз кашфи хишт бунёд ёфтааст. Миёни тахтасангҳо чӯби бурс-арчаи кӯҳӣ гузоштаанд, ки нақши «сейсмопояс»-ро иҷро кардаву хонаҳоро аз заминларза эман медошт. Толорҳои маъбад аккурат 24х48 метранд! Бинед, ки чигуна ба таври математикӣ мувофиқанд ин толорҳо. Зинапояҳое, ки ба Маъбади об мефароянд ҳама баробаранд ва расо 2,5 метрро таъсис медиҳанд!

 Болотар аз ин 2 маъбад, майдони чавгонбозӣ бо масоҳати 48х300 метр ҷойгир аст. Дар ин майдон сабқати профессионалии чавгонбозӣ, ё худ поло баргузор мешуд, ки шоҳон дар 1 мавзеъи ба забони муосир ВИП менишастанду аҳли бор дар мавзеи поинтар ва авомуннос дар муқобили офтоб, дар кӯҳ…Чизе шабеҳи трибунаҳои Западу Востоки стадиони Фрунзе. 150-200 метр болотар аз майдони чавгон (хоккей бо асп, хонанда аз кинофилми Сиёвуш ин навъи варзиши шоҳиро бояд донад), хонаву қасру кӯшк ҷогиранд, ки 2-3 ошёнаанд…

 Хулласи калом ин сайри лафзонии шаҳри Карон аст, ки ба пиндори инфиродии ман Элдорадои Тоҷикист; шаҳри тилоие, ки бостоншиносон тӯли садсолаҳо дар кӯҳҳои Амрикои Лотинӣ меҷустанд. Сайри мукаммали тасвирии Карон дар саҳифаи 10 аст, ки метавонӣ мурур кунӣ хонанда. Вале мӯҳтавои рубрикаи мо дигар аст: Олимони таъриху бостоншиноси Тоҷик танҳо бо ин иллат, ки бо академик Ёқубов хусумати шахсӣ доранд, зидди ин ҳафриёт ва кашфиёти бе назир хестаанд! Инҳо дудаставу чордаста, яъне бо «кӯмак»-и шогирдон, ҳатто ҳафриётро боре надида (магар олим бе далели шайъӣ матлаб менависад?), «исбот» кардан доранд, ки ин Карон нест! Кор то ҷоест, ки моҷароро онгуна қабои маҳалгароӣ пӯшидаанд, ки сокинони 2 ноҳияи ҳаммарз имрӯз дар ҳолати «омодабоши ҷангӣ» қарор доранд. 1 бор муруре ба Фейсбук кунед ва бинед, ки тарафдору зидди матлабҳои антиКаронӣ киҳоянд? Ҳай-ҳай-ҳай! Айб аст. Шарм аст, просто позор, ки мо-интеллигенсия то ҳамин сатҳ фуруд оем...

…Ӯзбекҳо беш аз 20 профессору доктору академик тарбия карданд, ки чизи набударо исбот созанд: Сино ӯзбек аст, на Тоҷик! Озариҳо Академия таъсис доданд, то исботи нонсенс, ҳарза, дурӯғи маҳз кунанд, ки Низомӣ турк буду ба озарӣ эҷод мекард… Браво ӯзбекҳо! Брависсимо озариҳо!! Аҳсант ба ақвоми турк, ки дар талоши имиҷи қадимасозии қавму қабоили дирӯзаи худанд!!! Ба Худо рост мегӯям ва сидқан аплодисмент мефиристамашон…

 Вале мо-Тоҷикон дар симои академисиюн, муаррихин, бостоншиносон, журналистон ва ҳатто авом танҳо бо ин иллат, ки Карон дар ноҳияи мо нест (!!!), далели шайъӣ ва факти мавҷударо инкор кардаву бо ҳамин микромаҳалгароӣ обрӯи Давлати Тоҷиконро, ки даъвии қадимият дорад, хоки раҳ карданием… Академисиюн агар аносири антиимиҷи Давлат бошад, ба чӣ кор ояд? Шояд соати мушти идеологӣ задан ба даҳони чунин уламо фаро расидаасту мо хамӯшем?...

 Сахт гуфтам? Хуб кардам! Ин олимон ба ҳақорат ҳам меарзанд! Мо Метавонем!
                   
                                                                               #Сайёфи Мизроб
Просмотров: 923 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 108
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0