Пятница, 26.04.2024, 02:46
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Май » 14 » Ман бовар намекунам!
15:36
Ман бовар намекунам!

Алишиев ба тасодуфӣ будани марги писараш бовар надорад.........
    Акбар Алишиев, сокини ноҳияи Дарвоз, хостори таҳқиқи қазияи куштори писараш дар марз бо Афғонистон шудааст.


Акбар Алишиев , сокини маҳаллаи Шикеви ноҳияи Дарвоз, иддао дорад, ки марзбонони тоҷик писарашро рӯзи 5-уми январ қасдан ҳадафи тир қарор додаанд. Ӯ дар ин замина ба мақомот муроҷиат карда, хостааст, ҳарчи зудтар қазияро омӯхта ва мӯйро аз хамир ҷудо кунанд.

Ҳоло тафтиши ин қазияро додситонии гарнизони ҳарбии Хоруғ ба ӯҳда дорад. Маҳмадалӣ Бобоев, раҳбари ин ниҳод, дар як тамоси телефонӣ бо мо гуфт, "санҷиш идома дорад ва баъд аз анҷоми он ба ҳодиса баҳо дода хоҳад шуд."

Акбар Алишиев, падари Фурқат Алишиев, ки рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ аз тири сарҳадбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон ҳалок шудааст, фарзандашро "қурбонӣ" медонад. Ӯ гуфт, ин ҳодиса як рӯз баъд аз он рух дод, ки сардори дидбононгоҳи марзӣ, воқеъ дар маҳаллаи Ёгед, бо номи Аваз ва як шаҳрванди афғон бо номи Ҳасан ба хонаи онҳо омада, пас аз чойу нон ба тамошои телевизор пардохтанд. Ба гуфтаи ӯ, дар аснои сӯҳбат меҳмонон ба соҳибхона пешниҳод кардаанд, ки ба антеннаи телевизор таҷҳизоти иловагӣ васл кунад, зеро аз  барномаҳои русӣ дида, тамошои барномаҳои  афғонӣ ё эронӣ беҳтар аст.

"Ҳасани афғон ваъда дод, ки рӯзи дигар ба ивази 150 сомонӣ таҷҳизоти иловагиро аз он сӯи марз дастрас мекунад, зеро аллакай ашхоси зиёда аз хизмати ин усто дар маҳал истифода карданд. Антеннаи моҳвораиро ба хотири такмил кардан поин фароварданд. Рӯзи дигар Ҳасани афғон аз лаби дарё ба Фурқат занг зада гуфт, ки таҷҳизоти иловагиро овардааст. Писарам пеш аз ба лаби он рафтан ба сардори дидбонгоҳ телефон карда, иҷозат пурсид. Сардори дидбонгоҳ гуфт, ки ториктар шавад, баъд рафта чизи бароятон овардаро мегиред. Тахминан соати 16 писарам аз хона берун шуда, пас аз 20-30 дақиқа садои тир шунида шуд",-нақл мекунад падари Фурқат.

-Аммо шояд марзбонон писаратонро дар торикӣ нашинохта тасодуфан паррондаанд?

-Не, ман овози писарамро шунидам, вай ба ҷониби сарҳадбонон фарёд кард, ки ман Фурқат ҳастам, вале аз чӣ сабаб бошад, ки афғонро гурезонданду писарамро аз се ҷояш тир заданд -- дар по, миён ва сараш. Ҷойи куштори писарам 50-60 метр аз марз дур аст.

-Вале оё писаратон бо ин шаҳрванди афғон (Ҳасан) муомилоти ғайриқонунӣ анҷом медод?

-Дар ҳақиқат, писарам ба манзури бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ баъзан орд ва ё сӯзишворӣ меоварду онро бо он сӯи марз "бартер" мекард. Аммо ҳамаи ин дар маслиҳат ва мувофиқа бо сардори дидбоногоҳи марзӣ сурат мегирифт. Аз ин рӯ, ман аз додситонӣ хостам, ки сабабҳои куштори  писарамро пурра таҳқиқ кунад.

Қаблан хабаргузориҳо дар робита бо ин ҳодиса  навиштанд, ки дар маҳалли Шикев як шаҳрванди тоҷик ва як афғон, ки мехостанд ба тарафи Афғонистон маводи сӯхт интиқол диҳанд, аз ҷониби марзбонон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Дар натиҷа сокини 32-солаи Дарвоз Фурқат Алишиев кушта шуда, дар ҷойи ҳодиса заврақ, антенна ва паҳнкунаки мавҷӣ дарёфт гардид.
Просмотров: 577 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0