Пятница, 29.03.2024, 18:12
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Октябрь » 5 » Хоҳиши сокинон: роҳ бояд аз Сағирдашт гузарад
18:01
Хоҳиши сокинон: роҳ бояд аз Сағирдашт гузарад
Ба таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёт

Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки рушди исломӣ маблағгузории сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро аз минтақаи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод то деҳаи Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз ба дӯш гирифтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи мазкурро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад, ба зиммаи Вазорати нақлиёт гузоштааст.
Сар шудани корҳои банақшагирии роҳ миёни мардуми кӯҳдомани ағбаи Хобурубот ва Сағирдашт андешаҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст.
Роҳи кунунӣ, ки аз самти деҳаи Сафедорон мегузарад, соли 1940 сохта шуда, ҳангоми банақшагирии он хатои зиёде содир гаштааст. Роҳ аз мавзеи Дударгӣ то болои ағбаи Хобурубот 26 км, то маркази деҳаи Сафедорон 10 км ва аз Сафедорон то ағбаи Хобурубот 16 километр мебошад. Тайи 73 соли охир маҳз ҳамин 16 км роҳе, ки тариқи ҳашар сохта шуда, бинобар дар муқобили офтобрӯ ҷой гирифтанаш давоми моҳҳои ноябр-май алоқа ва равуои мардуми ду қисмати ағбаро душвор кардааст.
Дар он солҳо мебоист ҳукумати вақт ба Маскав дар бораи пайвастани роҳ ба Бадахшон гузориш медод. Аз ин нигоҳ, сохтмони роҳ дар ин самт қарори дуруст буд, вале баъдан солҳои 70-уми асри гузашта роҳи нав бояд ба нақша гирифта мешуд, ки мутаассифона, иҷро нашуд.
Зикр бояд кард, ки дар самти роҳи Сафедорон ба ҳолати 1-уми январи соли 2013 ҳамагӣ 39 хоҷагӣ бо ҷамъи умумии 333 нафар ва дар самти роҳи Сағирдашт беш аз 3 ҳазор нафар аҳолӣ мавҷуд аст.
Зичии аҳолӣ танҳо як омили хурде дар он нақшаи бузург, ки акнун тарҳрезӣ мешавад, шуда метавонад.
Сабаби аслии кор дар он аст, ки роҳ ҳар баҳор дар мавзеи Фаркинг, Пастелак бинобар ноустувор будани замин фурӯ меравад ва ё сели бузурги аз боло омада онро шуста мебарад, ки барои барқарор намуданаш як моҳ вақт лозим мешавад. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳо тамоми намуди нақлиёт аз хурд то бузург тавассути роҳи Сағирдашт ба болои ағбаи Хобурубот мебароянд.
Бо овардани ин мисолҳо гуфтаниям, ки сохмони роҳ бояд тавассути Сағирдашт сурат гирад. Чаро роҳе, ки тайи 73 сол дар лаҳзаҳои ҳассос ба мардум хизмат менамуд, ба нақшаи давлатӣ дохил шуда, аз нав барқарор нагардад? Барои исботи гуфтаҳои боло чанд далел меоварам.
  1. Агар роҳ аз самти Сағирдашт ба нақша гирифта шавад, дарозии он нисбат ба самти Сафедорон 10-12 км кӯтоҳтар мешавад. Яъне аз Дударгӣ то Сағирдашт 9 километр ва аз Сағирдашт то ба болои ағбаи Хобурубот 4 километр ва агар аз лиҳози роҳсозӣ ба нақша ягон тағйироти иловагӣ ворид гардад, шояд қисмати дуюми роҳ 5 км шавад.
  2. Новобаста аз хизматҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин минтақа роҳ то ба маркази деҳаи Сағирдашт дар тамоми фаслҳои сол кушода аст ва ин асос ба он шуда метавонад, ки дар фасли зимистон 80 фоизи техника ва қувваи кории идораи роҳсозӣ ба ҳамин минтақаи 5 километра, ки то болои ағбаи Хобурубот мебарад, нигаронида шавад.
  3. Роҳе, ки аз самти Сағирдашт то ағбаи Хобурубот ба нақша гирифта мешавад, аз тарафи офтобрӯя аст ва корҳои пармакунию таркишдиҳиро талаб намекунад. Ин ҳам сарфаи вақт асту ҳам сарфаи маблағ.
  4. Сохтмони роҳ аз самти Сағирдашт метавонад барои иҷрои нақшаҳои стратегии давлат, аз ҷумла бунёди корхонаи Заршӯии Дарвоз дар мавзеи Сари Об ва корхонаи коркарди ангишти Равнов, ки ҳамасола минтақаи Бадахшонро бо ангишт таъмин мекунад, мусоидати бештаре намояд.
  5. Чун минтақаи Сағирдашт мавзеи чарогоҳи тобистонаи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ин роҳ омаду рафти чорво ва чорводоронро осон мегардонад.
  6. Бо сохта шудани ин роҳ ин минтақа метавонад чун минтақаи туризм ва сайёҳӣ арзи вуҷуд намояд.
  7. Кушодани роҳ аз самти Сағирдашт барои мардум ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад ва рафтуомадро ба маркази ҷумҳурӣ ва Бадахшон осонтар мекунад (ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳоло роҳкирои як нафар мусофир аз Сағирдашт ба шаҳри Душанбе тариқи автомашина 150-170 сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки аз Сафедорон тариқи автомашинаҳои роҳгузар мардум бо 20-30 сомонӣ ва баъзан ройгон ба маркази ҷумҳурӣ меоянд).
  Бо итминон метавон гуфт, ки агар пешниҳоди банда ба инобат гирифта шавад ва сохтмони роҳ ба воситаи Сағирдашт сурат гирад, ҳам равуои мардум беҳ мешавад, ҳам иқтисодиёти кишвар аз ин нафъе бештар хоҳад бардошт.

                                                                          

                                                                           Шарифбек АЗИЗӢ,

                                                сокини деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, 
                                                узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Просмотров: 606 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 108
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0