Суббота, 27.04.2024, 02:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Октябрь » 8 » Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Дарвоз
18:23
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Дарвоз

  Дар маркази ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи Авесто Аренаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар майдони ним га доман паҳн намуда, дорои шароити хуби сатҳи байналмилалӣ барои футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш мебошад.
                                                        

     

Майдони асосии он барои футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 800 ҷойи нишаст мебошад. Бинои дуошёнаи варзишгоҳ дорои толорҳои муҷаҳҳаз барои бокс, намудҳои гуногуни гӯштин, тенниси рӯйи миз, меҳмонхона, 11 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳо мебошад. Оянда дар назди он, ҳамчунин бунёди майдончаҳои тенниси калон ва  волейболу баскетбол дар назар аст.

Дар рафти сохтмони он аз 80 то 120 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло дар ин ҷо зиёда аз 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин варзишгоҳ дар мувофиқа бо федератсияи футболи Тоҷикистон, метавонад ҳамчунин чун пойгоҳи мавсимии машқу тамрини футболбозони касбӣ истифода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони асосии ин варзишгоҳ бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми Дарвоз мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод. Зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки бо ҷаҳду талоши пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бунёди як силсила нерӯгоҳҳои хурди обӣ имрӯз норасоии нерӯи барқ дар ноҳияи Дарвоз куллан бартараф гардидааст.

Тавре зикр гардид, пешравиҳои намоён дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар самтҳои афзалият низ ба назар мерасанд.

Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иҷтисодӣ ва фарҳангии ноҳия ва барои бартараф намудани мушкилоти мардуми ниёзманд супоришҳои мушаххас дод

Просмотров: 787 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 3
3 Паткноб  
0
е Ай Зборни кнен хамай кшлоко ва паткнов мекне фудбол

2 Sherka  
0
Ку бачаако чам гаре брем рузи шанбе-якшанбе бози.. Чи гуфте? Кшлок ба кшлок мезане???

1 Dashtak  
0
Eeee neki rangi Santyago Bernabeust stadionmu..... Tashakkur ba Janobi oli baroi in zahmatosh...minatdorem!!! "Avesto arena" behtarinay!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0