Вторник, 23.04.2024, 15:55
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Май » 14 » Боздошти нахустин гумонбарон дар қазияи Дарвоз
16:17
Боздошти нахустин гумонбарон дар қазияи Дарвоз

            Аз рӯи далели марги як писари ноболиғ дар ноҳияи Дарвоз ду нафар марзбонон, хизматчиёни қисмиии низомии мустақар дар Қалъаи Хумб боздошт шуданд.

Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба мо дар ин робита изҳор намуд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон бо маводи сӯзишворӣ, кӯдакро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон карда, ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст.

«Баъди рафъи хатари ошкор гардидан сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакй фавтида буд ва ҷасади ӯро онҳо ба дарё мепартоянд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст», - зикр кард Аҳмедов.

Толибилми синфи ҳаштум, сокини ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков мудом бо сарбозони қисми низомӣ дар робита буда, ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекард. Муомилоти навбатии шоми 1-уми май барои ӯ фоҷеабор анҷомид.

Просмотров: 847 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0