Пятница, 19.04.2024, 10:57
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Август » 20 » Бадахшон. Шино дар дарёи Панҷ мамнуъ шуд
18:15
Бадахшон. Шино дар дарёи Панҷ мамнуъ шуд

      Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон бо дар назардошти якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво ва тез шудани ҷараёни оби дарёҳо, ба сокинони навоҳии ин вилоят тавсиа дод, ки аз оббозӣ дар дарёи Панҷ худдорӣ кунанд. 


Ин дар ҳолест, ки се сокини ин вилоят дар моҳи июн ва июл дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд. Миралӣ Ҳалимов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон рӯзи 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо якбора гарм шудани ҳаво ҷараёни обҳои дарёҳо тез шуда, хатари ғарқшавиро бештар кардааст. Вай гуфт, ки бо назардошти чунин вазъият, аз сокинони деҳоти соҳили дарёи Панҷ дар навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Ишкошим ва Дарвоз тақозо карда шуд, ки дар ин мавсим оббозӣ накунанд. 

Ситоди Бадахшон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва бахшҳои ҳолатҳои фавқулоддаи навоҳии соҳили дарё корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз карда, бо волидони наврасону ҷавонон суҳбатҳо анҷом медиҳанд, то фарзандони худро эҳтиёт кунанд ва ба минтақаҳои тезоби дарёҳо барои оббозӣ роҳ надиҳанд. Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки бо фарорасии гармо сар аз моҳи июн то июли соли равон се сокин ин вилоят ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Идораи обуҳавосанҷии Тоҷикстон мегӯяд, ки ҳарорати ҳаво то 2-юми август баланд мешавад. Як намояндаи Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт маълумоте, ки ин марказ пахш мекунад, бо назардошти вазъи соягии ҳарорати ҳаво мебошад, аммо ҳарорати зериофтобии ҳаво дар кишвар аз 50 дараҷа бештар аст

.
Просмотров: 635 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Август 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 108
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0