Четверг, 25.04.2024, 14:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Май » 23 » Ҷасади Парвизи Вазирбек баъд аз 18 рӯз пайдо шуд.
15:27
Ҷасади Парвизи Вазирбек баъд аз 18 рӯз пайдо шуд.

     Ҷасади Парвизи Вазирбек, хонандаи мактаби №1-и ноҳияи Дарвоз баъд аз 18 рӯз, аз дарёи Панҷ берун оварда шуд.Ноҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣНоҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣ


Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, рӯзи 1-май дар шароити мармуз ба ҳалокат расид. 
 
 Як манбаъ дар мақомоти ноҳияи Дарвоз рӯзи 20-уми май дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҷасади Парвиз рӯзи якшанбе дар деҳаи Паткуноб --15-километр дуртар аз маҳали ҳодиса пайдо шудааст.

Ғалимат Аҳмадов, ҳуқуқшиноси Маркази машварати ҳуқуқии Дарвоз ҳам рӯзи 20-уми май зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, пайдо шудани ҷасад имкон медиҳад, ки ҷонибҳои норӯшани ҳодиса рӯшантар ва ҷуъиёти он ошкор шавад. 

Наздикони Парвизи Вазирбек дар шарҳи ин ҳодиса ба мо гуфта буданд, ки ӯ бо бархе аз сарбозони қисми марзбонии мустақар дар шаҳраки Қалъаихум додугирифт дошт ва ба ивази маводи сӯхт ба онҳо телефони мобилӣ, симкарт ва дигар васоили зарурӣ меовард: " Бегоҳии рӯзи 1-уми май сарбозон Парвизро барои табодули мол бо бензин даъват карданд. Вале ҳангоми гирифтани маводи сӯхт, посбонони ин қисми ҳарбӣ пайдо шуданд ва посбонҳо ба хотири ошкор нашудани муомилот гӯё Парвизро даруни бочкаи яктоннагии маводи сӯхт андохта, худ фирор кардаанд". Ба иддаои Саидбек Аҳмадбеков, аз наздикони Парвизи Вазирбек "ҳангоме, ки сарбозон пас омаданд, Парвиз аллакай ҷон дода буд ва онҳо ҷасадро ба дарёи Панҷ андохтанд, то ҳеҷ нишоне ҷой надошта бошад".

Ба дунболи ин ҳодиса Додситонии гарнизони ҳарбии Бадахшон комиcсияи махсусеро барои таҳқиқи ҳодисаи марги Парвизи Вазирбек ба ноҳияи Дарвоз фиристод. Полковник Маҳмадалӣ Бобоев, додситони ҳарбии Бадахшон рӯзи 6-уми май ба "Озодӣ" гуфта буд, таҳти раҳбарии муовини додситонии ҳарбӣ Фаррух Хайруллоев, як комиссияи махсус барои таҳқиқи ҳодисаи марги талабаи мактаби рақами 1-и ноҳияи Дарвоз сафарбар шудаааст: «Феълан онҳо се марзбони қисми ҳарбиро ҳамчун гумонбар мавриди пурсиш қарор додаанд ва ҷузъиёти ҳодисаи марги Парвиз дар зарфи се рӯзи оянда  рӯшан карда хоҳад шуд.»

Ба гуфтаи додситони ҳарбии Бадахшон, Парвизи Вазирбек бисёр бачаи "корчалону чақон" будааст ва дар гузашта ҳам, вай бо як амали авбошӣ аз тарафи кормандони милиса боздошт шудаааст: «Ман дастур додам, ки ҳамон ҳуҷҷатҳои амали пешинаи Парвизро ҳам тафтиш кунанд.»

Дар робита ба ин суол, ки пас чаро сарбозон ҷасади ӯро ба дарё андохтаанд, Додситони ҳарбӣ гуфт, шояд онҳо ба хотири ин, ки марги мактаббача дар қисми ҳарбӣ сарусадоҳои барзиёдро ба вуҷуд наорад ва барои пӯшида мондани ин ҳодиса, ӯро ба дарё андохтаанд.»

Масъулини Додситонии ноҳияи Дарвоз ҳам гуфта буданд, ин ҳодиса "бисёр торик ва печида аст ва чӣ гуна ба ҳалокат расидани Парвизи Вазирбек ҳанӯз норӯшан мебошад." 

 
Просмотров: 720 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 1
1 sHaH1k-aka-airomaN  
0
эхх жаль парнишку(((

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Наш опрос
Шумо аз куҷои Дарвозе?
Всего ответов: 108
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0