Пятница, 19.04.2024, 15:01
Приветствую Вас Гость | RSS

Дарвоз-биҳишти рӯйи замин!

Главная » 2013 » Май » 14 » Ҳафриёт дар Дарвоз: кашфи 'шаҳре қадимӣ' ба номи Каррон
14:42
Ҳафриёт дар Дарвоз: кашфи 'шаҳре қадимӣ' ба номи Каррон

Ҳафриёт дар Дарвоз: кашфи 'шаҳре қадимӣ' ба номи Каррон

Ба гуфтаи онҳо, дар ин шаҳри бостонӣ осори диж ё қалъае пайдо шудааст, ки "бузургтарин ҷойи нишасти шоҳон дар кӯҳистони Осиёи Марказӣ" ба шумор меравад.

Макони бостоние, ки аз он ба унвони "шаҳри Каррон" ном бурда мешавад, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар шарқи Тоҷикистон, воқеъ шуда ва ба гуфтаи бостоншиносон, масоҳати ин шаҳри қадимӣ 32 ҳекторро ташкил медиҳад.

Дар ин бора китобчае бо номи "Кашфи шаҳри Каррон" ба қалами пруфессур Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, бостоншиноси тоҷик, ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва инглисӣ чоп шудааст. Ин китобча тасовире аз маҳалли ковишҳои бостоншиносиро низ дар бар дорад.

"Шаҳри гумбуда"

Дар ин китоб омадааст, ки нахустин иттилоъ дар бораи шаҳри Каррон дар қарни 9 мелодӣ дар асари Ибни Хурдодбеҳ зери унвони "Китоб ал-масолик ва-л-мамолик" сабт шудааст, ки гӯё ба давлати Тоҳириён чаҳор ҳазор дирам хироҷ мепардохтааст.

Макони ин шаҳр то кунун маълум набудааст, ҳарчанд донишмандоне чун Маркварт ва Бартолд макони воқеъшавии шаҳри Карронро дар ҷанубии Бадахшон ва дар Дарвозу Рӯшон хондаанд.

Пруфессур Яъқубшоҳ, таърихнигори маъруф, ки худаш ҳам асолатан аз Дарвоз буда ва дар ҷараёни ҳафриёти бостоншиносӣ дар ин макон ширкат доштааст, муддаъист, ки шаҳри Каррон дар замони қабл аз ислом сохта шудааст.

Ба гуфтаи бостоншиносон, масоҳати диж ё қалъаи ин шаҳр беш аз як ҳектор буда ва дар манотиқи кӯҳистонии Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин қалъаҳои шоҳон ба шумор меравад. Аммо ин кашфиёт аз сӯйи марокизи муътабари бостоншиносии ҷаҳон ҳанӯз таъйид нашудааст.

Қалъаи Каррон                                                                                Дар ин макон қалъаи бузурге, ки масоҳати он як ҳектор аст, вуҷуд дорад

Пруфесур Яъқубшоҳ менависад: "Шаҳр аз чаҳор бахш иборат аст. Дар бахши шимолу ғарбӣ дар гузаштаи дур биноҳои он, аз маъбади оташи муқаддас ва баъдан ибодатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва манораи бузург ва даҳҳо ободониҳо иборат будааст."

Вай меафзояд: "Ҳафриёт дар харобаи манора нишон дод, ки ӯ аз манораи марказии чаҳоркунҷаи баробарпаҳлӯ ва чаҳор бурҷи мудаввар ва дар байни онҳо айвон ва аз чаҳор арк иборат аст. Яъне бино панҷманор буда, дар меъмории Осиёи Марказӣ амсол надорад."

Тибқи иддаъои бостоншиносон, дар гузашта манори шаҳри Каррон хеле баланд буда ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳои мухталиф дар болои он оташи муқаддас афрӯхта мешудааст.

Оқои Яъқубшоҳ навиштааст: "Манораи марказии чаҳоркунҷа хосси меъмории пеш аз ислом мебошад ва он ба замонҳои қадим таъаллуқ дорад. Аммо таҳқиқоти изофӣ нишон дод, ки бурҷҳо ба манораи марказӣ пайвастаанд, яъне онҳо дар як вақт сохта шудаанд ва ба урфияти ойини Маздоясно алоқаманд будаанд."

Аз маконе, ки то ҳол таҳқиқот дар он анҷом шуда, зуруф ва сиккаи мисини мутаъаллиқ ба қарнҳои шаш ва ҳашти мелодӣ низ пайдо шудааст.

Ҳафриёти ин макон, ки дар наздикии рустои Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз воқеъ аст, бо пешниҳоди Мӯъмин Қаноъат, шоъири шинохта, ки низ зодаи ин минтақа аст, анҷом мешавад.

Оқои Қаноъат муътақид аст, ки номи шаҳри Каррон имрӯз дар исми рустое ба номи "Кеврон" дар минтақаи Дарвоз ба гунаи таҳрифшудае ҳамчунон вуҷуд дорад.

Сандуқи мавсум ба "Муъаллими кӯҳистон" барои анҷоми ҳафриёт дар минтақаи Дарвоз сармояеро дар ихтиёри бостоншиносон гузоштааст.

Идомаи ҳафриёт

Ҳайдаршоҳ Акбаров, пажӯҳишгар ва яке аз шаш нафаре, ки дар ҳафриёти ин макони бостонӣ ширкат дошта, мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ ба анҷоми ковишҳои бостонӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ аҳаммияти зиёде қоил намешуд ва аз ин рӯ, ин шаҳр аз мадди назари олимон дур монда буд.

Зуруфи Каррон                                                                                                                                                       Аз макони ҳафриёт зуруфи қадимӣ, аз ҷумла лаълиҳои сафолин, пайдо шудааст

Аммо вай афзуд, ки дар миёни сокинони Дарвоз ин макон ҳамеша муқаддас дошта мешуд ва дар бораи он ривоёте вуҷуд доштааст.

Оқои Акбаров бо ибрози сипос аз ибтикори Мӯъмин Қаноъат ба анҷоми ҳафриёт дар ин макон мегӯяд, ки то ҳол танҳо дар қисми хурде аз ин шаҳр бостоншиносон ковишҳоеро анҷом додаанд.

Вай афзуд: "Албатта, барои кашф ва поксозии қисматҳои дигари ин шаҳр ниёз ба сармоя вуҷуд дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин макон барои равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои норавшани таърихи ниёкон бояд ҳафриёт дар ин шаҳр идома ёбад."

Ӯ афзуд, ки барои идомаи ҳафриёти бостоншиносӣ, дар мадди аввал бояд ба макони ҳафриёт, ки дар баландӣ воқеъ аст, як роҳи мошингард сохта шавад.

Ба гуфаи оқои Акбаров, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ин шаҳрро ба феҳристи амокини бостонӣ шомил карда ва қарор аст, ки он барои сабт ба унвони макони бостонӣ ба Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид пешниҳод шавад.

Дар ҳафриёт дар минтақаи Дарвоз шаш нафар аз бостоншиносон таҳти раҳбарии пруфессур Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ширкат карда ва беш аз си нафар аз сокинони маҳаллӣ ба онҳо кумак кардаанд.

Просмотров: 650 | Добавил: sHaH1k-aka-airomaN | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск
Календарь
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 49
Мини-чат
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0